Шаҳрдории Тошканд ҳудуди 5 ҳазор акси Шавкат Мирзиёевро харидорӣ кардааст

Шавкат Мирзиёев ҳини суҳбат бо мардум. Акс аз бойгонӣ.

Дастгоҳи шаҳрдории Тошканд моҳи майи соли равон бо баргузории озмуне 4965 акси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба маблағи 999 млн сӯм (зиёда аз $96,4 ҳазор) харидорӣ намудааст.

Ба огаҳии сомонаи харидҳои давлатӣ дар Узбекистон, таҳиягари аксҳо ширкати Kolorpak эълом шудааст. Ширкат барои фармоишгар ду навъи акс - 2894 дона акси 59×71- сантиметрӣ (ҳар кадоме 200 ҳазор сӯм ё $19) ва 2071 донаи дигар ба андозаи 49×42 сантиметр (ҳар кадоме 140 ҳазор сӯм ё $13,5) омода мекард.

Тибқи иттилои сомонаи Gazeta.uz, Kolorpak қаблан низ дар озмуни нашри 6 миллион дона китоби дарсии "Тарбия" ва 2 миллион китоби дарсии дигар баранда эълом шуда буд. Ширкати мазкур қарордоди нашри китобҳои дарсиро дувуним моҳ пеш аз оғози соли нави хониш ба даст оварда, созишномаҳо бо нашриётҳои дигар тағйир дода шудааст.

Раёсати умури президент ва ҳукумати Қирғизистон ҳам соли 2018 хабар дода буд, ки 800 дона акси расмии президент Соронбой Ҷеенбековро чоп кардааст. Ҳар як акс беш аз ҳафтдолларӣ нашр шуда буд.