Дар Қирғизистон зидди қабули тарҳи нави Конститутсия имзо ҷамъ меоранд. Дар ин бора рӯзи 23 ноябр ташаббускорони ҷамъоварии имзо хабар доданд.
Ҷамъоварии имзо дар сомонаи www.stop-referendum-kg.com сурат мегирад.
Ташаббускорон гуфтанд, тасмим доранд, ҳадди ақал 500 ҳазор имзо ҷамъ оваранд ва ба ин тартиб, қонун дар бораи баргузории ислоҳот ва интихоботи порлумониро бозхонд кунанд.
"Агар ҳоло мо ба ислоҳоти конститутсионӣ роҳ диҳем, пас баъди чанд сол дубора ба ин масир бармегардем. Ва Қирғизистон бори дигар вориди табаддулоти давлатӣ мешавад", - гуфт Сания Токтоғозиева, ҳуқуқшинос ва коршиноси қонунгузории конститутсионӣ дар Қирғизистон.
Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 ноябр тарҳи нави Қонуни асосиро дар баррасии умум гузошт. 80 вакили порлумон қонуни мазкурро дар бораи ворид кардани ислоҳот ба Конститутсияро пешниҳод кардаанд. Аммо муаллифи тарҳи қонун то кунун номаълум аст.
Дар тарҳи нави Конститутсияи Қирғизистон салоҳиятҳои президент васеътар шуда, курултойи мардумӣ ҳамчун шохаи ҳокимият ба эътибор гирифта шудааст. Президент раиси давлат буда, ҳукумати иҷроияро идора мекунад ва сиёсати дохиливу хориҷиро муайян месозад, омадааст дар тарҳи нав. Президент метавонад, ду давраи панҷсола интихоб шавад, сохтор ва ҳайати ҳукуматро муайян созад. Шумори вакилон дар тарҳи нави Қонуни асосии Қирғизистон аз 120 нафар ба 90 кас оварда шудааст.
Ҷомеи Қирғизистон аз ин тарҳ розӣ нест ва онро ҷамъоварии қудрат дар дасти як нафар унвон мекунад. Рӯзи 22 ноябр садҳо сокин дар шаҳри Бишкек ба кӯча баромада, зидди тарҳи нав эътироз карданд.