Сардори Маркази пажӯҳишҳои башарии Академияи миллии улуми Қирғизистон Чопон Койчуманова 23 ноябр дар ҷаласаи Маҷлиси конститутсионӣ банди 23-и лоиҳаи Қонуни асосии нави ин кишварро ба баҳс кашид.
Дар ин банд омадааст, "фаъолияти расонаҳо, аз ҷумла чопӣ, электронӣ, телевизионӣ ва чорабиниҳои ҷамъиятие, ки хилофи арзишҳои ахлоқии эътирофшудаи умум, анъанаҳои мардуми Қирғизистон ва меъёрҳои байналмилалӣ мебошанд, манъ аст".
"Ҳар кас мафҳуми арзиш ва анъанаро ҳар хел мефаҳмад. Имрӯз кӣ муайян мекунад, ки арзишҳо ва анъанаҳо кадоманд? Онҳоро бояд дар қонун ҷой дод, вале ин корро касе намекунад, зеро арзишҳову анъанаҳо гуногунанд. Бар асоси ин банд, дилхоҳ одамеро, ки суханҳояш писанд намеоянд, метавон ба ҷавобгарӣ кашид. Ҷомеа ин бандро интиқод дорад. Он ихтилофҳои бузургеро ба бор хоҳад овард. Инҷо нақзи бузурги ҳуқуқи инсон мушоҳида мешавад", - изҳор дошт сардори марказ.
Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитов 20 ноябр бо имзои фармоне Маҷлиси конститутсиониро таъсис дод. Онро мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ ва байналмилалии Донишгоҳи словянии Қирғизистону Русия Бекбосун Борубашев раҳбарӣ мекунад.
Лоиҳаҳои Конститутсияи нав ва қонуни таъйини раъйпурсӣ дар рӯзи 10 январро сомонаи порлумони Қирғизистон 17 ноябр нашр кард. Лоиҳаи қонун баъди як моҳи баррасии умум ба порлумон пешниҳод мешавад.
Дар Конститутсияи нав салоҳиятҳои президент бештар ва таъсис шӯрои мардумӣ пешбинӣ шудааст. Тибқи он, президент раҳбари давлат ва мақомоти иҷроия аст.
Дар Қирғизистон тарҳи Сарқонуни навро зидди ҳуқуқи инсон номиданд
Раҳпаймоии зидди лоиҳаи нави Қонуни асосии Қирғизисттон дар Бишкек. 22 ноябри соли 2020