Ҳукумати Туркманистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Ишқобод бинои 35-ошёна бунёд кунад. Коршиносон мегӯянд, шаҳри Ишқобод зилзилахез аст ва бунёди бино ба ин баландӣ хатар дорад.
Дар бораи сохтмони бинои 35-ошёна рӯзи 19 ноябр Мурод Непесоп, як масъули вазорати сохтмони ва меъмории Туркманистон хабар дод.
Непесов гуфт, бинои 35-ошёна дар ҳудуди маҷмаи "Ишқобод-ситӣ" бунёд мешавад.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон соли гузашта аз бунёди маҷмааи тиҷории "Ишқобод-ситӣ" хабар дода буд.
Бино ба тарҳи таҳияшуда, майдони маҷмаа аз 744 га замин иборат буда, бештар аз 200 бино, аз ҷумла 180 бинои истиқоматӣ бо баландии аз 12 то 35 ошёна дар он бунёд мешавад.
Сармоягузории чандинмиллионии давлатӣ дар тарҳҳои сохтмонӣ дар ҳолест, ки он кишвар дар даврони истиқлолаш бадтарин буҳрони иқтисодиро пушти сар мекунад ва ин буҳрон дар даврони вабои коронавирус амиқтар шудааст.
Ба бовари коршиносон, яке аз сабабҳои асосии уфти иқтисоди Туркманистон "тарҳҳои бешумори гаронбаҳо ва нолозим"-е аст, ки бевосита бо ташаббуси президент амалӣ мешаванд.
Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, меҳмонхонаҳои гаронбаҳое, ки бо ташаббуси президенти Туркманистон сохта шудаанд, дар айни ҳол холӣ ҳастанд.
Бунёди бинои 35-ошёна дар Туркманистон дар ҳолест, ки дар соли 1948 дар шаҳри Ишқобод заминларза рух дод. Он замон шаҳр тақрибан ба куллӣ аз байн рафта буд ва дар он ҳодиса бештар аз 100 ҳазор кас фавтид.