Мақомоти Австралия гуфтанд, дар ҷараёни таҳқиқи чаҳорсола иттиҳомоти “бисёр изтиробангез”-ро ошкор кардаанд, ки неруҳои вижаи кишвар 39 зиндонии афғонро худсарона куштаанд.
Сарбозони Австралия дар сафи Эътилофи байналмилалӣ ба раҳбарии Амрико ба зидди Толибон меҷангиданд. Ангус Кампбел, сардори Ситоди марказии неруҳои мусаллаҳи Австралия гуфт, рафтори шармсоркунандаи сарбозон “нақзи ҷиддитарини ойинномаи низомӣ ва арзишҳои касбӣ аст”.
Натиҷаҳои таҳқиқро рӯзи 19-уми ноябр нашр карданд. Ба гуфтаи муфаттишон бадрафтории сарбозон бо ва қатли бандиён аз соли 2005 то соли 2016 сурат гирифтааст. Раиси таҳқиқот додрас Пол Бреретон аст, ки бо бештар аз 400 шоҳиди айнӣ суҳбат ва ҳазорон санадро таҳқиқ кардааст.
Ӯ гуфтааст, “маълумоти боварибахш вуҷуд дорад, 25 сарбози Неруҳои махсуси Австралия, аксаран аз ҳайати Неруҳои ҳавоӣ дар 23 ҳодиса, 39 нафарро ғайриқонунӣ куштаанд.” Дар ин гузориш тавсия додаанд, ки амалкарди 19 сарбозро пулис аз ҷумла бо иттиҳоми қатл тафтиш кунад.
Ангус Кемпбел гуфт, зимни суҳбат бо Муҳаммадёсин Зиё, сарлашкари неруҳои мусаллаҳи Афғонистон аз амалкарди сарбозони Австралия изҳори таассуф карда ва “аз мардуми Афғонистон узр пурсидааст”.