Арманиҳо пеш аз тарки ноҳияҳои атрофи Қаробоғ хонаҳоро оташ мезананд
Сокинон саҳнаи ба хокистар табдил шудани хонаҳоро дар деҳаи Чаректар (Чарактар ба озарӣ)-и ноҳияи Келбаҷар тамошо мекунанд. Ноҳияи кӯҳистонии воқеъ дар ғарби Қаробоғи Кӯҳӣ бар асоси созиши Еревану Боку ба Озарбойҷон баргардонида мешавад
Ходими калисо як ороишоти дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк, воқеъ дар ноҳияи Келбаҷарро бо худ мебарад
Дуд ба осмон мепечад, роҳи мошингард баста шудааст. Арманитаборҳои Келбаҷар ин маконро тарк мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ноҳияро қаламрави Озарбойҷон мешуморад. Арманитаборҳо мегӯянд, онҳо бо ин сарзамин иртиботи таърихӣ доранд ва муассисаҳои масеҳии бунёдшуда дар ин қаламрав, ба гуфтаашон, баёнгари ин аст.
Дар назди дайр ё ибодатгоҳи роҳибони Дадиванк дар ноҳияи Келбаҷар истгоҳи бензин оташ зада шудааст. Оғози солҳои 1990-ум, вақте ҷудоиталабони арманитабор бо пуштибонии Ереван ин қаламравҳоро ишғол карданд, садҳо ҳазор озарбойҷониҳо ноҳияҳои атрофи Қаробоғи Кӯҳиро тарк карданд
Низомиёни арманӣ сутунеро, ки чанде пеш аз ҷониби арманитаборҳо дар деҳаи Келбаҷар, наздикиҳои сарҳади Озарбойҷон гузошта буданд, хароб мекунанд
Марди арманитабори сокини Чариктар ду ғозашро бо худ мебарад
Манзили оташгирифта дар Келбаҷар
Сохтмоне дар Чариктар, ки оташ зада шудааст
Зангӯлаҳои ибодатгоҳи Дадиванк дар интизори интиқолёбӣ ба Арманистон
Дуд дар фазои ноҳияи Келбаҷар
Марде дар деҳаи Ехегнути ноҳияи Келбаҷар сими сутуни барқро меканад
Марде аз назди хонаи оташгирифтаи деҳаи Чаректар убур мекунад
Истгоҳи барқӣ ҳам аз кор бароварда шуд
Гаро Дадевусян (аз рост) пеш аз оташ задани хонааш дар ноҳияи Келбаҷар қисмҳои оҳании боми хонаашро наҷот медиҳад
Зане тимсоли масеҳиро бо худ мебарад
Занони арманитабор савори мошини борбаре аз назди деҳаи тоза бунёдшудаи армании Кнараван убур мекунад. Ин деҳа ҳам зери назари Озарбойҷон мегузарад
Саге дар назди мактаби сӯхтаи деҳаи Чаректар
Ҳамсарон арманитабор ба хонаи сӯхтаистодаи худ дар Чаректар нигоҳ мекунанд