Дар Босния интихоботи маҳаллӣ баргузор шуд

Сараево, 15-уми ноябр

Шаҳрвандони Босния рӯзи 15-уми ноябр дар шароите ба интихобот рафтанд, ки овоздиҳӣ бо сабаби бӯҳрони буҷаи кишвар бо таъхир баргузор гардид ва дар ҷомеа нигарониҳо аз афзоиши ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус боло мегирад. 3,3 миллион шаҳрванди қобили раъй рӯзи якшанбе бояд раисони шаҳру вилоятҳо, аз ҷумла, ду минтақаи мухтори Федератсияи Босниву Хорватӣ ва Ҷумҳурии Српскаро интихоб мекарданд. То соати 4-и шом тахминан 39 дарсади раъйдиҳандагон овоз доданд.

Дар ҳафтаҳои ахир дар Босния шумори олудашудаҳои нав ба коронавирус афзоиш ёфт. Ба қавли мақомот, шумори умумии гирифторон дар кишвар 72 ҳазор нафар буда, 1800 нафар ҷон додаанд. Барои пешгирӣ аз олудашавиҳои нав, мақомот машварат доданд, ки ба ҳангоми овоздиҳӣ раъйдиҳандагон фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.