Tрамп вазири дифоъро тавассути Twitter аз кор холӣ кард

Дар авҷи эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар ИМА вазири дифоъ, бар хилофи хостҳои Трамп, гуфт, ки бар зидди мардум аз силоҳ ва нирӯ истифода нахоҳад кард

Президент Доналд Трамп, ки мӯҳлати кораш дар ҳоли анҷомёбист, чанд рӯз баъди мағлуб шуданаш дар интихоботи президентӣ, вазири дифоъро аз мақомаш барканор кард. Дар як навиштааш дар Twitter рӯзи 9-уми ноябр Трамп гуфт, салоҳиятҳои Марк Эспер дар мақоми вазири дифоъ “боздошта шуд” ва аз ӯ барои кораш ташаккур кард. Трамп Кристофер Миллер, раиси Маркази миллии зиддтерроризмро “билофосила” иҷрокунандаи вазифаи вазири дифои кишвар номид. Трамп натиҷаҳои интихоботи 3-юми ноябрро эътироф накард. Дар интихобот рақиби демократи ӯ Ҷо Байден, ки дар гузашта дар мақоми муовини президент кор кардааст, баранда эълон шуд. Бархе таҳлилгарон пешгӯӣ мекарданд, ки Эспер дар фурсати наздик ҳатман аз мақомаш барканор мешавад. Инчунин гуфтумонҳое садо додааст, ки Трамп раиси Бюрои федеролии тафтишот Кристофер Рей ваё раиси Оҷонсии марказии истихборот Ҷина Ҳаспелро ҳам аз мақомашон сабукдӯш мекунад.

Дар робита бо Эспел гузоришҳое нашр шуд, ки ба бад шудани равобити хусусии миёни президенту вазири дифоъ ишора мекард ва мегуфтанд, ки гӯё Трамп исми ӯро “Йеспер” ном мебурд. Тибқи гузоришҳо, як мояи нороҳатии Трамп аз Эспер ин буд, ки ӯ гуфт, барои хомӯш кардани эътирозҳои зидди нажодпарастӣ дар ИМА аз нирӯву силоҳ истифода намекунад. Эспер дар мазҳари ом гуфт, ки истифодаи нирӯ танҳо охири кор хоҳад буд.