|
Бар асоси натиҷаҳои пешакии экзит-полл, президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳизбаш “Хидматдори халқ” зоҳиран мағлуб мешаванд ва дар Киеву дигар шаҳрҳои азими кишвар ҳизбҳои рӯ ба Русияву ғарбгароҳо пештози сабқат ҳастанд. Пурсишҳои ҳамзамони баъди овоздиҳии рӯзи 25-уми октябр дар Украина аз он далолат мекунад, ки ҳизби президентии “Хидматгори халқ” аз нӯҳ шаҳри калонтарин дар ҳафттоаш мағлуб шудааст. Аз ҷумла, ҳизби шаҳрдори Киев Виталий Кличко “Эътилофи демократии Украина барои ислоҳот” дар овоздиҳии ахир беш аз 50 % раъйҳоро ба худ ихтисос додааст. Интихоботи маҳаллӣ, ки аввалин бор бар асоси қонуни нави ислоҳшудаи интихобот баргузор шуда, ҳадафаш ба минтақаҳо додани салоҳияти бештар аст, барои Зеленский баъди якуним соли кор дар мансаби президентӣ як зарбаи шадид шуд. Алекс Кокчаров, як таҳлилгари масоили хатарҳо дар Украина мегӯяд, “барои ҳизбе, ки соли гузашта 56 дарсади раъйҳоро бурда буд, ин овоздиҳӣ як фоҷеа шуд. Ин хеле бад аст ва мавқеи онҳоро дар Рада (парлумони Украина) хеле заъиф мекунад”. Пурсишҳои ахири афкори умум мегӯяд, ки 70 дарсади сокинони Украина ба ин боваранд, ки кишвар дар самти нодуруст пеш меравад ва маҳбубияти шахсии Зеленский ҳам аз 50 дарсад поин омадааст. Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ мегӯяд, ки раисони шаҳрҳои калонтарини кишвар – Киев, Харков, Одесса ва Лвов мақомҳои худро ҳифз кардаанд ва бархе бояд дар даври дуюми интихобот рақобат кунанд. Ҳеҷ яке аз онҳо узви ҳизби Зеленский нестанд. |
Натиҷаҳои пешакии интихоботи Украина мегӯяд, Зеленскию ҳизбаш мағлуб мешаванд
25-уми октябр. Президенти Украина Владимир Зеленский овоз медиҳад