Зӯроварӣ бар эътирозгарон дар Минск

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беш аз сад ҳазор нафар рӯзи якшанбе дар Минск, пойтахти Белорус бо вуҷуди ҳузури нерӯҳои зиёди интизомӣ, ба кӯчаву хиёбонҳо баромаданд ва раҳпаймоӣ карданд. Барои пароканда кардани эътирозгарон аз таркишҳои тарсовар ва тирҳои пластикӣ низ истифода шуда, дар натиҷа як нафар захм бардоштааст.