Сӯхтор дар як қароргоҳи азими паноҳандагони Юнон

9-уми сентябр, қароргоҳи Мориа дар ҷазираи Лесбос

Дар паи сӯхтор дар як қароргоҳи азими паноҳандагони ҷазираи Лесбоси Юнон беш аз 10 ҳазор бошандааш маҷбур шуданд фирор кунанд. Сӯхтор дар қароргоҳи Мориа баъди нисфишабӣ сар зад. Ин қароргоҳ давоми солҳои дароз як макони муҳими таҷаммӯи муҳоҷирону паноҳҷӯён шудааст ва бо сабаби зиёд будани бошандагонаш хатари ба эпидемия табдил шудани пандемияи коронавирус вуҷуд дошт. Мақомот гуфтанд, ки ин қароргоҳ “зоҳиран аз ҳад зиёд пур шуда буд”, вале то ин лаҳзаҳо дар бораи қурбониҳо иттилое дар даст нест. Субҳи 9-уми сентябр ҳанӯз сӯхтор идома дошт. Нахуствазири Юнон Кириякос Митсотакис гуфт, ки ҷаласаи изтирорӣ барпо карда, эҳтимолан дар ҷазираи Лесбос бо 80 ҳазор сокин ҳолати изтирорӣ ҷорӣ мекунад. Таҳқиқи сабабҳои сӯхтор, ки эҳтимолан махсус ташкил шудааст, ба роҳ монда шудааст.

Муовини президенти Комиссиюни Аврупо Маргаритис Шинас дар Твиттер навишт, ки комиссиюн “омода аст, ки дар ин даврони мушкил ба Юнон ба таври мустақим дар ҳама сатҳҳо ёрӣ бикунад”. Бар асоси хабарҳои аввалия, тести санҷишии ҳафтаи гузаштаи бархе муҳоҷирон дар ин қароргоҳ вуҷуди COVID-19-ро тасдиқ кардааст ва мақомот талош кардаанд ин нафаронро аз дигарон дар инзиво ва ҷудо нигаҳ бидоранд. Баъди ин чандин ҳолати сӯхтор мушоҳида шудааст. Раиси шаҳри Митилини, ки дар ҳамсоягии қароргоҳ ҷойгир аст, гуфтааст, ки ба эҳтимоли зиёд ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ муҳоҷиронро бо киштӣ ба маконҳои дигар интиқол медиҳанд. Гурӯҳҳои ёрирасон шароити санитариву беҳдорӣ дар қароргоҳи Мориро, ки дар он дар як вақт 12 ҳазор нафар нигаҳдорӣ мешавад, интиқод кардаанд.

Лесбос як макони муҳими таҷаммӯи муҳоҷирон буда, дар ин ҷазира аз солҳои 2015-16 аксараш шаҳрвандони Сурияву Ироқ ба сар мебаранд.