ВКД Беларус аз боздошти 633 нафар хабар дод

Сипари амниятӣ дар муқобили эътирозгарон. 6 сентябр, Минск

Мақомот дар Беларус гуфтанд, ки рӯзи 6 сентябр 633 эътирозгарро боздошт карданд. Ин боздоштҳо замоне рух дод, ки даҳҳо ҳазор нафар дар Минск ва дигар шаҳрҳои Беларус бо талаби истеъфои президент Александр Лукашенко раҳпаймоии эътирозӣ барпо карданд. Мухолифон ва ширкатдорони эътирозҳо президентро дар тақаллуби натиҷаҳои интихоботи президентии рӯзи 9-уми август гунаҳгор мекунанд. Оморе, ки рӯзи душанбе аз ҷониби вазорати умури дохилӣ нашр шуд, ба маротиб бештар назар ба онест, ки Маркази ҳуқуқи башари “Весна” чоп кард. Дар омори ин марказ аз 180 боздоштшуда дар Минск ва 30 нафар дар Брест, Барановичи ва шаҳри Гродно хабар дода шуд. Лукашенко инак 26 сол аст, ки дар сари қудрат мебошад ва то ҳол ҳама даъватҳо барои сӯҳбат ва муколама бо мухолифонро рад кардааст.

Рӯзи 7-уми сентябр дар шаҳри Гомел як эътирози начандон калоне шурӯъ шуд. Раҳбари мухолифон Светлана Тихановская гуфтааст, ки Беларус “дар як бӯҳрони амиқи сиёсӣ” мебошад. Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Жозеп Боррелл рӯзи 6-уми сентябр ҷонибҳоро дар Беларус ба муколамаи миллӣ даъват кард ва гуфт, ки “эътирозҳои муассиркунанда” дар саросари Беларус баёнгари он аст, ки бо вуҷуди ҳабсу боздошту хушунатҳо “мардуми Беларус барои дастёбӣ ба озодӣ, ҳуқуқ ва демократия” ӯҳдадор шудааст.