Дар Белорус тазоҳургарони мухолифи давлат барои идома додани эътироз дар шаҳри Минск пойтахти кишвар ва водор кардани раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба истеъфо омода мешаванд. Гуруҳҳои мухолифи давлат умедворанд, ки дар тазоҳуроти рӯзи 6-уми сентябр мисли рузҳои истироҳати гузашта даҳҳо ҳазор нафар ширкат мекунанд. Дар он рӯз маъмурони милиса пеши роҳи тазоҳургаронро бастанд ва ба онҳо иҷоза надоданд, ба пеш ба маркази шаҳр ҳаракат кунанд.
Александр Лукашенко, ки 26 сол боз Белорусро раҳбарӣ мекунад, даъватҳои муколама бо мухолифон ва баргузории интихоботи навро напазируфтааст. Ӯ мегӯяд, ки дар интихоботи рӯзи 9-уми август 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овардааст, вале ба гуфтаи рақибонаш ва нозирони хориҷӣ иддаояш дурӯғ аст.
Гуруҳҳои мухолифи давлат ҳамчунин мехоҳанд, ки ҳукумат зиндониёни сиёсиро озод кунад ва амалкардҳои пулис, ки баъди интихобот ҳазорон нафарро дастгир кард, таҳқиқ шавад. Айни замон Светлана Тихановская пешвои мухолифони давлат дар Белорус рӯзи 5-уми сентябр гуфт, азбаски ҳукумати раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ба ҳарфи “мардум гӯш намедиҳад”, кишвараш ба “буҳрони амиқи сиёсӣ аст” гирифтор шудааст.
Тихановская дар як суҳбати мустақими онлайнӣ дар бораи тазоҳуроти мудавом дар Белорус гуфт, “Белорусҳо тағйир ёфтаанд, онҳо бедор шудаанд”. Тақрибан як моҳ аст, ки дар шаҳрҳои гуногуни Белорус мардум ба зидди натиҷаҳои интихоботи баҳсбарангези рӯзи 9-уми август тазоҳурот мекунанд.