Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои белорусаш Александр Лукашенко телефонӣ суҳбат карда, ӯро ба зодрӯзаш табрик гуфтааст.

Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко "вазъи имрӯзаи Беларус ва ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди Тоҷикистону Беларусро" баррасӣ карданд.

Ба қавли манбаъ, Раҳмон ва Лукашенко ба таҳкими равобити ду кишвар таъкид кардаанд.

Александр Лукашенко, президенти худкомаи Беларус рӯзи 30-юми август ба синни 66 расид. Дар рӯзи зодрӯзи Лукашенко даҳҳо ҳазор сокини ин кишвар дар маркази Минск бо талаби истеъфои ин раҳбари дарозумр намоиши эътирозӣ барпо карданд.

Дар дасти мардум парчами мамнӯъшудаи сурху сафедранг – рамзи мухолифат ба ҳукумат буд ва бо вуҷуди ҳушдорҳои қаблии Вазорати умури дохилӣ дар бораи худдорӣ аз ҳамоиш, мардум ба самти майдони Истиқлолияти Минск ҳаракат карданд. Замоне, ки эътирозгарон ба қасри президент наздик шуданд, шиорҳои мисли “Зодрӯз муборак, Калламуш!” ва “Бирав”-ро ба забон меоварданд.

Дар паи интихоботи президентии рӯзи 9 август, ки бо пирӯзии Лукашенко анҷомид, се ҳафта инҷониб мардум эътироз мекунанд.