Сорбон Юноев, сокини 60-солаи ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшон, мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ ба ӯ иҷоза надодаанд, ки дар назди президент сухан бигӯяд.
Ӯ бовар дорад, чун гап аз ифшои баъзе камбуду мушкилҳои минтақа мерафт, мақомот монеаш шуданд, вале намояндагони ҳукумат гуфтанд, ӯ дархости иштирокро дар мулоқот дер фиристод. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз 19 то 22-юми август дар вилояти Бадахшон қарор дошт.
Сорбон Юновев мегӯяд, агар ба суҳбати раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳ меёфт, пешниҳод мекард, ки раисони ҷамоатҳоро мардум интихоб кунанд, на ин ки онҳо аз тарафи раисони ноҳияҳо таъин шаванд.
"Ҳамчунин ният доштам дар бораи таъмири роҳҳои валангоршудаи Роштқалъа ва мушкили муоинаи техникии мошинҳо суҳбат кунам. Мехостам, лентаи иншооти навро на дар рӯзе, ки ба истифода медиҳанд, балки баъд аз се сол бибуранд. Аввал бинанд, ки дар чӣ ҳол аст. Агар кораш муваффақ аст, баъдан лентабурӣ кунанд. Ҳоло баъзе корхонаҳо баъд аз се соли лентабурӣ валангор мешаванд", -- нақл кард ӯ рӯзи 26-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Ин сокини ноҳияи Роштқалъа афзуд, ду ҳафта пеш аз сафари президент ба номи раиси ноҳия расман мактуб навишта буд, то дар мулоқот иштирок кунад, вале ҷавоби рад гирифт.
Лоиқ Назаршозода, раиси ноҳияи Роштқалъа, дар суҳбати кӯтоҳ бо Радиои Озодӣ дарёфти номаро аз Юноев тасдиқ кард, аммо дар бораи сабабҳои рад шудани дархости ӯ чизе нагуфт. "Шумо худатон мефаҳмед, ки ин раванд чӣ хел аст, вақту фурсат дорад", -- гуфт ӯ ва бо ҳамин иктифо кард.
Дар посухи расмии раиси ноҳия аз 17-уми август, ки дар дасти Сорбон Юноев ҳаст, сабаби роҳ наёфтани ӯ ба мулоқот "дер пешниҳод намудани дархост" гуфта шудааст.
Лоиқ Назаршозода дар номаи ҷавобӣ ба Сорбон Юноев аз ҷумла гуфтааст, "аризаи Шумо баъд аз пешниҳод кардани рӯйхати иштирокдорон ва баромадкунандагон дар вохӯрӣ бо сарвари давлат ба мақомот ворид гардидааст, бинобар ин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа аризаи Шуморо қонеъ карда наметавонад."
Сорбон Юноев мегӯяд, ӯ дар деҳаи Бартавдеми Роштқалъа деқонӣ мекунад, вале аз мушкили мардуми вилояти Бадахшон хуб огоҳ аст. Вай афзуд, азбаски барои рафъи баъзе мушкилиҳо ба раиси ҷумҳур гуфтаниҳо дошт, бинобар ин дар ҳукумати ноҳия нахостанд президент ҳарфи ӯро шунавад.
"Аввал ба ҳукумати ноҳия рафта, даҳонӣ гуфтам, ки вақти сафари президент ба Хоруғ баромад кунам. Гуфтанд, ин хел намешавад. Баъдан дар бахши иттилоти ҳукумати ноҳия як хоҳарак гуфт, марҳамат, баромад кунед, лекин баромадро мо менависем, Шумо хонед. Гуфтам, ин хел нест, ки ягон кас баромад нависаду ман хонам", -- афзуд ӯ.
Мақомот ин бахши суҳбати Сорбон Юноевро тасдиқ ё рад накарданд.
Бори аввал нест, ки сокинон барои роҳ наёфтани худ ба мулоқот бо раиси ҷумҳур шикоят мекунанд. Аз ҷумла, соли 2014 Санавбар Абдуллоева, ки он замон аз моликони бозори "Ином"-и ноҳияи Шаҳритус гуфта мешуд, шикоят карда буд, ба ӯ имкон надодаанд, то арзашро ба Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ин ноҳия сафар дошт, бирасонад.
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, вақте сокинон мехоҳанд дар ҳузури президент мушкили худро ба миён гузоранд, касе ҳақ надорад онҳоро аз ин имкон маҳрум кунад. Ин ҳуқуқшиноси тоҷик дидори бевоситаи сокинонро бо раиси ҷумҳур муҳим арзёбӣ кард.
"Аммо чун қоида бар хилофи ормонҳои шаҳрвандон раҳбарони шаҳру навоҳӣ дар мувофиқа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра ба таври рӯякӣ рафтор мекунанд, ки гӯё нияташон нишон надодани мушкилоти мардум аст. Дар асл монеа эҷод мекунанд, то афроде, ки аз камбудҳо гап мезананд, ба мулоқот бо раиси ҷумҳур роҳ наёбанд", -- афзуд Ҳакимов
Дар пайи сафарҳои раиси ҷумҳур ба шаҳру навоҳии кишвар, ки одатан аз телевизиони Тоҷикистон намоиш дода мешавад, дар мулоқот бо ӯ гоҳе мардуми ниёзманд ё ятимон роҳ меёбанд. Ҳатто баъзан президент саховат нишон додаву ба онҳо хона ё роҳхати донишгоҳ медиҳад ва ё аз мақомот мехоҳад онҳоро оиладор кунанд.
Ин дар дили мардум бовареро ҳам ба вуҷуд овардааст, ки як ҳарфи президент метавонад зиндагии онҳоро тағйир диҳад. Бо ҳамин умед баъзеҳо солҳову моҳҳо мунтазири сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи худ мешаванд, аммо дар ниҳоят на ҳама ба мулоқот бо ӯ роҳ меёбанд ва мушкилиҳои муҳими марбут ба як минтақа ё вилоят ногуфта мемонад.