Дар Мексика дарс аз тариқи телевизионро таҷриба мекунанд

ZOOM ба яке аз василаҳои дарсу омӯзишу ҷаласа дар ҷаҳон табдил шуд.

Дар Мексика рӯзи 24-уми август таҷрибаи дарс аз тариқи телевизион ба 30 миллион муҳассили мактабҳои миёнаро оғоз карданд. Дар ҳамсоякишвари Мексика дар Амрико нахустин рӯзи дарси онлайнии миллионҳо муҳассил аз тариқи вебсайти Зум (Zoom) ба мушкилӣ печид. Ин вебсайте, ки дар аҳди пандемияи коронавирус барои гуфтугуҳои видеоӣ, ҷаласаҳои ширкатҳо ва омӯзиш аз тариқи Интернет васеъ истифода мешавад, дуввуним соат аз кор монд.

Zoom сабаби аз кор мондани хадамоташро нагуфтааст, вале мушкилӣ пойбандии одамон ба технологияҳои нав дар замони пандемияро нишон дод. Мактабҳои миёна, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои таълимӣ дарсҳоро аз тариқи Zoom ва Майкрософт Тим оғоз карданд, ки имкон медиҳанд, дар хона нишаста таҳсил кунед.

Дар Мексика ҳукумат тасмим гирифт, аз тариқи телевизион ба бачаҳо дарс бидиҳанд, чун 94 дар сади аҳолии кишвар ба он дастрасӣ доранд, баръакси Интернет, ки аз 70 то 80 дар сади мардум имкони истифода аз онро доранд.

Бисёре аз мардум дар Мексика нигаронанд, ки таҳсил аз тариқи телевизион натиҷаи муносиб намедиҳад ва нигаҳ доштани кӯдакон дар хона барои сиҳатии равониву ҷисмонии онҳо таъсири бад мегузорад. Таҳсил дар мактабҳои Мексикаро баъди хуруҷи коронавирус дар моҳи март манъ карданд. Ин кишвар баъд аз Амрикову Бразилия аз COVID-19 бештарин талафот дар ҷаҳонро додааст.