Қарор аст, Светлана Тихоновская, раҳбари мухолифони Белорус, рӯзи 24-уми август бо муовини вазири корҳои хориҷии Амрико Стефан Биган дар Литва мулоқот кунад. Ҳадаф аз он, дарёфти роҳи ҳалли мусолиматомез ба ҷанҷолҳои баъди интихобот дар Белорус гуфта мешавад. Биган бо вазирони умури хориҷӣ ва дифои Литва низ дидор хоҳад кард. Вазъият дар Белорус ва масоили дуҷонибаи дифоӣ аз мавзуъҳои асосии суҳбат будааст. Сипас ӯ ба Русия меравад. Пас аз он ки Александр Лукашенко дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 9-уми август дар Белорус иддаои пирӯзӣ кард, норозиён ба хиёбонҳои ин кишвар баромаданд. Онҳо истеъфои Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб доранд. Лукашенко 26 сол боз дар Беларус ҳукумат мекунад. Светлана Тихоновская баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот ба Литва рафтааст.
Рақиби Лукашенко бо мансабдори амрикоӣ дар Литва мулоқот мекунад
Светлана Тихоновская