Ҷо Байден, муовини собиқи раиси ҷумҳури Амрико, расман пешниҳоди Ҳизби демократ барои ширкат дар интихоботро пазируфт ва барои гирифтани ҷойи раиси ҷумҳур Доналд Трамп мубориза мебарад.
Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб дар рӯзи 20-уми август қавл дод, дар сурати интихоб шудан ба мақоми раиси ҷумҳур “ба рӯзҳои дӯстӣ бо диктаторҳо” хотима медиҳад ва аз рӯзи аввали кориаш стротегияи миллии мубориза бо пандемияи коронавирусро амалӣ мекунад.
Ҷо Байден ҳамчунин ваъда дод, мардуми Амрикоро дигарбора муттаҳид мекунад, ки шоҳиди тазоҳуроти азим ба зидди табъизи нажодӣ шуданд. Ин тазоҳурот чанде пеш баъди ҳалок шудани як марди сиёҳпӯст ҳангоми боздошти афсарони сафедпӯсти пулис оғоз ёфта ва тамоми Амрикоро фаро гирифтанд.
Ҷо Байден афзуд, мардумро муттаҳид мекунад, то ҳамроҳ ба қавли ӯ “мавсими торик”-и Амрикоро пушти сар намоянд. Бо ҳамин анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби демократи Амрико анҷом ёфт ва марҳилаи олие дар карйераи сиёсии Ҷо Байдени 77-сола фаро расид, ки ду дафъа барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ мубориза бурдааст.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълӣ ва номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳафтаи оянда дар анҷумани пешазинтихоботӣ дигарбора номзади ҳизб эълон мешавад.