Узбекистон аз сентябр ваксинзанӣ ба зидди зуком ва илтиҳобро оғоз мекунад

Узви ситоди мубориза бо коронавирус дар Узбекистон Рустам Икромов гуфт, ки ваксинзании сокинон зидди зуком ва илтиҳоб моҳи сентябр шуруъ мешавад.

Ба гуфтаи вай, мавсими тирамоҳ, ки бемориҳои гузаранда меафзоянд, эҳтимол дорад, ба далели вабои коронавирус мушкилзо шавад. Ба ҳамин далел ҳукумати Узбекистон ба раванди ваксинзании сартосарӣ омода мешавад, афзуд вай.

"Метавон интизор дошт, ки паҳншавии муштараки бемориҳои гузаранда, аз ҷумла зукком ва илтиҳоб ҳамроҳ бо коронавирус вазъиятро бадтар мекунад. Албатта, сокинон набояд ба ваҳшат афтанд. Айни замон ҳукумат барои ваксинзании сокинон зидди зукком ва илтиҳоб чораҷӯӣ мекунад. Ин кор моҳи сентябр шуруъ мешавад", - илова кард Рустам Икромов.

То 19-уми август дар Узбекистон 36 ҳазору 760 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона ва 243 ҳолати фавт аз ин вирус сабт шудааст.