Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукми як узви созмони Ҳизбуллоҳ, ки ба талош барои қатли Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар соли 2005 гунаҳкор дониста шуд, истиқбол кард.
Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар як баёнияе дар рӯзи 18-уми август гуфт, ҳукми Додгоҳи Махсуси Лубнон ба зидди Салим Ҷамил Аёш, “муҳим будани додани подоши амал, поён додан ба масуният нишон медиҳад, ки барои таъмини суботу амнияти Лубнон ва истиқлоли он муҳим аст.” Маълум нест, ки худи Салим Ҷамил Аёш куҷост.
Додгоҳ, ки зери сарпарастии Созмони Милал аст, се муттаҳами дигарро орӣ аз гуноҳ номид. Чаҳор узви созмони Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ғайбашон дар додгоҳе дар канори шаҳри Гаага муҳокима мешуданд.
Додситонҳо мегуфтанд, ки ин чаҳор нафар дар гуфтугуҳои байниҳамдигарии телефонҳо доир ба таҳияи нақшаи бомбгузорӣ ва иҷрои он суҳбат кардаанд. Рафиқ Ҳарирӣ, моҳи феврали соли 2005 дар натиҷаи як бомбгузории мудҳиш дар шаҳри Бейрут кушта шуд.