Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми август дар як ҷаласаи изтирории онлайнӣ вазъи сиёсии Беларусро баррасӣ мекунанд. Дар ҷойи дигар мухолифони давлат саъй доранд, бо ташкили шӯрои ҳамоҳангсозе роҳ барои интиқоли қудратро ҳамвор кунанд.
Иттиҳодияи Аврупо бо изтироб ба таҳаввулоти Беларус нигаҳ мекард, ки дар он фишор ба Александр Лукашенко, раиси ҷумҳур меафзояд. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, дар интихоботи рӯзи 9-уми август Александр Лукашенко 80 дар сади раъйи мардумро ба даст овард, вале баъди ин мардуми зиёде бо ин гуфта, ки интихобот тақаллубӣ буд, тазоҳуротеро оғоз карданд, ки то кунун идома дорад.
Чарлз Мишел, президенти Шӯрои Аврупо рӯзи 17-уми август вақти эълони нишасти раҳбарон гуфт, мардуми Белорус “мардуми ҳақ доранд, сарнавишти худро таъйин ва озодона раҳбарашонро интихоб кунанд.” Чарлз Мишел, ҳамчунин саркӯби тазоҳургаронро “ғайриқобилиқабул” номид.
Мишел рӯзи 18-уми август бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия телефонӣ суҳбат карда ва аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот ва саркӯби тазоҳургарон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба қавли як дипломати аврупоӣ ду тараф гуфтаанд, ташвиқи белорусҳо ба муколамаи байниҳамӣдигарӣ беҳтарин роҳ барои хотима додан ба буҳрон дар Беларус аст.