Раиси вилояти Андиҷони Узбекистон Шуҳрат Абдураҳмонов сарфи назар аз маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус бахшида ба 19-солагии духтари хурдиаш шабнишинии бошукуҳеро баргузор кард.
Шабнишинӣ дар манзили хусусии Абдураҳмонов аз субҳ то нимашаб идома карда, барои меҳмонон махсус аз Тошканд сарояндаи маъруф Муниса Ризоева ва дигарон даъват шуда буданд.
Сароянда Ризоева дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм аксу наворҳоеро аз шабнишинии мазкур нашр кард.
Тавре дар аксу видеоҳо дида мешавад, Абдураҳмонов дар поёни шабнишинӣ ба духтараш мошини навъи Gentra-ро туҳфа мекунад, ки дар Андиҷон 138 миллион сӯм ё 13,5 ҳазор доллар арзиш дорад.
Бино ба иттилои Вазорати молияи Узбекистон, моҳонаи раисони вилоятҳо 1 миллиону 899 ҳазору 783 сӯм (ҳудуди 190 доллар) аст.
Тавре расонаҳои маҳаллӣ менависанд, сарояндаи маъруфи узбек Муниса Ризоева барои гузаронидани як тӯй ё шабнишинӣ аз 4 то 5 ҳазор доллар ҳаққи хидмат мегирад.