Нархи таҳсил дар донишгоҳҳои Узбекистон дар пайи норозигиҳо поин бурда шуд

Донишҷӯён дар Тошканд.

Афзоиши норозигии донишҷӯён вазоратҳои маориф ва молияи Узбекистонро маҷбур кард, ки нархи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишварро то 10 дарсад поин баранд.

Ба ҷуз ин, донишгоҳҳо ба донишҷӯёни ятим, маъюб ва аз хонаводаҳои ниёзманд кумак хоҳанд кард. Ба огаҳии Вазорати маорифи Узбекистон, ҳаҷми кумак ба донишҷӯёни ниёзманд то 4 миллион сӯм (ҳудуди 400 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Қарори кумак ба донишҷӯёни мазкур дар пайи афзоиши норозигии донишомӯзон дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом шуд. Ба норозигии донишҷӯён изҳороти ахири мақомоти узбек сабаб шуд, ки гуфтанд, нархи таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар имсол тағйир намеёбад.

Дар натиҷа ҷавонон тавассути даҳҳо гуруҳи гуногун дар Телеграм аз ҳукумати узбекистон даъват карданд, ки нархи таҳсил дар донишгоҳҳо бо назардошти шароити сокинон ва ҳамагир шудани коронавирус поин бурда шавад.