Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳизби демократ ва муовини баргузидааш сенатор Камала Ҳаррис рӯзи 12-уми август нахустин маъракаи таблиғотиашонро баргузор карданд. Дар баёнияи аввалинаш пас аз интихоб ба ҳайси номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳури Амрико дар рӯзи 11-уми август, Камала Ҳаррис раиси ҷумҳур Доналд Трампро, як раҳбари “белаёқат” номид, ки ба қавли ӯ ҳоли Амрикоро “табоҳ” кард.
Ӯ бо тасвири буҳрони коронавирус, табъизи нажодӣ, иқтисоди вайрони Амрико гуфт, ки Трамп касест, ки “аз уҳдаи кор барнамеояд.” Камала Ҳаррис афзуд: “Амрико барои раҳнамоӣ мегиряд, вале мо раиси ҷумҳуре дорем, ки бештар дар фикри худаш аст, на дар фикри мардуме, ки интихобаш кардаанд.”
Баъди пешниҳоди номзадии Камала Ҳаррис, раиси ҷумҳур Трамп ӯро фарди “нохушоянд” ва “тарсу” номид, ки ба гуфтаи ӯ сиёсатҳои “чапгароёнаи тундрав”- ро пеш хоҳад гирифт. Ҷо Байден, ки дар интихоботи рӯзи 2-уми ноябр бо Доналд Трамп рақобат мекунад, бино ба назарсанҷиҳо бо 10 имтиёз аз Трамп пештар аст.
Зимни шарҳи сабабҳои баргузидани Камала Ҳаррис номзади Ҳизби демократ гуфт, ки ӯ вакили сахтгиру ботаҷрибаест, ки “омода аст, аз рӯзи якум корашро иҷро кунад.” Камала Ҳарриси 55-сола нахустин зан аз аққалиятҳои Амрикост, ки номзадиаш ба ин мақоми баланд пешбарӣ шудааст.