Ҷо Байден, номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби демократи Амрико эълон кард, ки сенатор Камала Ҳаррисро, ба ҳайси муовини худ баргузид. Камала Ҳарриси 55-сола ва вакили иёлати Калифорния аввалин зан аз аққалиятҳои Амрикост, ки номзадиаш ба ин мақоми баланд пешбарӣ шудааст.
Ҷо Байден дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки “Ман бо ифтихор эълон мекунам, ки Камала Ҳаррис, яке аз хидматгузорони беҳтарини мардуми кишварро ба ҳайси ҳамроҳам дар интихобот, баргузидам.” Чанд дақиқа баъд аз ин эълон, раиси ҷумҳур Доналд Трамп як паёми таблиғотии интихоботиашро твит кард, ки дар он Камала Ҳарррисро “тарсу” номидаанд ва гуфтаанд, ки ӯ бо Ҷо Байден “ҳамроҳ роҳи чапгароии тундравро баргузидаанд.”
Камала Ҳаррис дар анҷумани интихоботии Ҳизби демократи Амрико рақиби Ҷо Байден буд. Ахирӣ, ки 8 сол муовини Барак Обама, раиси ҷумҳури собиқи Амрико буд, моҳи март қавл дод, ки занеро ба ҳайси номзад ба мақоми муовини раиси ҷумҳур интихоб мекунад. Модари Камала Ҳаррис ҳиндӣ ва падараш аз Ямайка аст.
Ӯ дар гузашта додситони Калифорния ва додситони минтақавии Сан Франсиско будааст. Ҷо Байден дар интихоботи рӯзи 3-уми ноябр дар Амрико бо Доналд Трамп рақобат мекунад ва бино ба назарсанҷиҳо, бо 10 имтиёз аз ӯ пештар аст.