Вазирони Осиёи Марказӣ ва Ҷопон ҳамкорӣ барои маҳви вирусро баррасӣ кардаанд

Мулоқоти вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷопон дар Ашхобод қабл аз пандемияи коронавирус ва дар соли 2017.

Ҳукумати Ҷопон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аҳд додаанд, ки дар муқобила бо пандемияи коронавируси нав ҳамкорӣ мекунанд. Тошимитсу Мотеки, вазири умури хориҷии Ҷопон дар як конфронси видеоӣ бо вазирони панҷ кишвар гуфтааст, “Ҷопон дар ин ҳамкорӣ ба ҳайси ташкилдиҳанда саҳм хоҳад дошт”.

Вазорати умури хориҷии Ҷопон бо нашри як баёнияи расмӣ баъд аз ин нишаст гуфтааст, вазирони кишварҳои минтақа аз ҷумла аз Тоҷикистон ба Ҷопон барои кӯмаки 18 миллион долларӣ, ба шумули таҷҳизоту абзори тиббӣ изҳори сипос кардаанд.

Дар конфронси видеоӣ дар рӯзи 11-уми август Сироҷиддини Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Мухтор Тилавбердӣ аз Қазоқистон, Чингиз Айдарбеков аз Қирғизистон, Абдулазиз Комилов аз Узбекистон ва Рашид Мередов, вазири умури хориҷии Туркманистон ширкат кардаанд.