Вазири дифои Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, ки то охири моҳи ноябр шумораи нирӯҳои худро дар Афғонистон "ба камтар аз 5000 ҳазор нафар" расонад. Марк Эспер рӯзи 8-уми август дар ин бора дар суҳбат бо телевизиони Fox News ибрози назар кард. Дар ҳоли ҳозир Амрико дар Афғонистон 8600 сарбоз дорад. Президент Доналд Трамп 3-юми август гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида мехоҳад, ин шумораро то 4 ҳазор нафар коҳиш диҳад.