Дар шаҳри Кобул нишасти Лоя Ҷирга, шурои сарони қавму қабила ва сиёсатмадорони шинохта идома дорад, ки дар он масъалаи озодии 400 зиндонии Толибро баррасӣ мекунанд, ки дар ҳамлаву бомбгузориҳои хунине даст доранд. Раҳоии зиндониён яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи музокироти мустақим байни ҳукумат ва Толибон аст, ки бо Амрико барои хотима додан ба ҷанг созиш бастанд.
Нишасти Лоя Ҷирга, ки рӯзи 7-уми август оғоз ёфт, фардо низ идома меёбад. Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврал имзо карданд, ҳукумати Афғонистон бояд 5 ҳазор зиндонии Толибро озод кунад. То кунун 4600 зиндониро раҳо карданд, вале ҳукумати раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфт, азбаски 400 нафари боқимонда барои ҷиноятҳои сахт паси панҷара рафтаанд, ҳаққи раҳоии онҳо дар ихтиёри Лоя Ҷирга аст.
Ашраф Ғанӣ рӯзи 7-уми август гуфт, ки ҳар гуна қарори аъзои шӯро дар ин заминаро мепазирад. Дар сурати ризоият барои раҳоии Толибон мумкин аст, гуфтугуҳои ин гуруҳ бо ҳукумат ҳафтаи оянда оғоз шавад. Дар як санаде, ки байни аъзои Лоя Ҷирга тақсим кардаанд, чунин навишта шудааст, ки раҳоии Толибон ба маънии оғози музокирот ва озод накардани онҳо ба маънии идомаи ҷанг дар Афғонистон аст.