Баъзе аз кишварҳо бовар доранд, ки Куриёи Шимолӣ бомби хурди атомие сохтааст, ки метавонад, ба мушакҳои баллистикӣ насб ва партоб кунад. Ин хулосаи гуруҳе аз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аст, ки дар як гузорише ба Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд. Хабаргузориҳои “Ройтерс” ва Хабаргузории Олмон гуфтанд, ки гузориши мазкурро рӯзи 3-уми август ба 15 узви Шӯрои Амният пешниҳод кардаанд ва онро бар асоси иттилооте таҳия кардаанд, ки аз кишварҳои узви Созмони Милал омода шудааст.
Дар гузориш омадааст, ки Куриёи Шимолӣ ҳамчунон барномаҳои атомиашро идома медиҳад, аз ҷумла ураниуми ғализ истеҳсол карда ва як реактори таҷрибавии оби сабук месозад. Куриёи Шимолӣ то кунун 6 дафъа озмоишҳои атомӣ анҷом додааст ва охирини он моҳи сентябри соли 2017 буд. Ким Ҷонг Ун, раҳбари Куриёи Шимолӣ ҳафтаи гузашта гуфт, ки бомби атомӣ амният дар кишварашро замонат медиҳад.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбари Куриёи Шимолӣ аз соли 2018 то кунун се дафъа бо ҳам мулоқот кардаанд, вале ба ҳеҷ пешрафте ноил нашудаанд. Амрико аз Куриёи Шимолӣ мехоҳад, аз сохтани силоҳҳои атомӣ даст бикашад, Пхенян мехоҳад, таҳримоти байналмилалӣ ба зидди онро бардоранд. Бинобар ҳамин барномаҳои атомӣ ва сохти мушакҳои баллистикӣ Куриёи Шимолӣ аз соли 2006 то ҳол зери таҳримоти Созмони Милал қарор дорад.