Боздошти муҳоҷирони тоҷик баъди ҷанҷол дар бозори Маскав

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Маъмурони интизомии Маскав ду шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда, чандин муҳоҷири дигарро бо гуноҳи "итоат накардан ба амри пулис" 1000-рублӣ ҷарима бастаанд. Ин афрод ба он муттаҳам мешаванд, ки рӯзи 1-уми август нагузоштаанд, як тоҷири тоҷик дар бозори "Теплый Стан"-и пойтахти Русия боздошт ва ба идораи пулис бурда шавад.