Амрико ба зидди як созмон ва ду мақоми Чин таҳримҳои нав ҷорӣ кард

Парчамҳои Амрико ва Чин

Иёлоти Муттаҳида ду мақоми ҳозира ва пешини Чинро ба поймол кардани ҷиддии ҳуқуқи башари мусулмонони уйғур муттаҳам кард ва ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ кард. Вазорати молияи Амрико рӯзи 31-уми июл гуфт, таҳрим муассисаи тавлид ва сохтмони Шинҷонро ҳам фаро гирифт, ки як созмони ниманизомии тобеи Ҳизби Коммунисти Чин аст.

Бо ин иқдом Вашингтон тамоми сармояи ин муассиса ва ду мақоми чиниро дар Амрико баста, тиҷорати ширкатҳои амрикоиро бо онҳоро манъ мекунад.

Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико, дар як эъломия гуфт, Амрико мутааҳҳид аст, ки поймолкунандагони ҳуқуқи башарро дар Шинҷон ва саросари ҷаҳон ба ҷавобгӯйӣ бикашонад.

Эълони таҳримҳои нав ба зидди мақомҳои Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити байни Амрико ва Чин "муташанниҷ” аст. Амрико мехоҳад, дар робита бо поймол шудани ҳуқуқи башар дар Шинҷон фишорҳоро ба Чин бештар кунад. Пекин муттаҳам аст, ки беш аз як миллион уйғур ва гуруҳҳои дигарро, ки аксари онҳо мусулмон ҳастанд, аз соли 2017 ба ин сӯ дар урдугоҳҳои монанд ба зиндон ҷой додааст.

Чин иддао мекунад, ки ин урдугоҳҳо марказҳои таълиму бозтарбия мебошанд ва барои мубориза бо ҷудоиталабӣ ва терроризму ифротгароӣ ташкил шудаанд.