Пас аз чанд моҳи ҷудоӣ 3 кӯдаки тоҷик аз Русия ба оғӯши модар баргаштанд

Пас аз чанд моҳи ҷудоӣ, се кӯдаки тоҷик аз Русия ба назди модар баргардонида шуданд. Бо кӯмаки Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар вилояти Самара ва мақомоти тоҷик, ду хоҳару як бародар, ки пас аз ихроҷ шудани модари муҳоҷирашон дар Русия танҳо монда, дар як маркази ҷамъиятӣ нигаҳдорӣ мешуданд, ба Душанбе оварда шуданд. Дар ин бора Омбудсмени Самара дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Модари ин кӯдакон чанд моҳи қабл бо қарори додгоҳе дар Самара ба далели нақзи қоидаҳои будубош ба Тоҷикистон ронда шудааст. Фарзандони ноболиғи ӯ ин ҳама муддат дар маркази "Ровесник" нигаҳдорӣ мешуданд.

Ба иттилои Омбудсмени рус, талошҳои модари тоҷик барои баргардонидани кӯдакон тариқи хешу наздиконаш бенатиҷа буд. Бо дархости дастгирӣ ва ба ҳам овардани ин хонавода Омбудсмени тоҷик Умед Бобозода ба ҳамтои руси худ муроҷиат карда буд. Бо мусоидати намояндагии Тоҷикистон дар Уфа кӯдакон ба Душанбе ва ба оғӯши модар баргаштанд.