Раиси Хабаровск дар бораи "чеҳрашиносии эътирозгарон" гуфт

27 июл, Хабаровск. Ҷонибдорони Сергей Фургал раҳпаймоӣ мекунанд

Михаил Дегтярев, ки муваққатан ба вазифаи раиси вилояти Хабаровск таъин шудааст, гуфт, ки дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ корҳои чеҳрашиносӣ барпо шудааст. Ӯ гуфт, ки мақомоти маҳаллӣ ин корро ҳамроҳ бо ходимони амнияти вилоят анҷом медиҳанд. Дегтярев дар ҷаласаи думаи вилоятӣ рӯзи 28 июл гуфт, ки дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ “афроди иғвогар” иштирок мекунанд. Ба гуфтааш, “кори ин нафарон маълум аст, бо онҳо кор бурда мешавад. Кори онҳо ҳеҷ рабте ба талоши ҳимоят аз Сергей Фургал надорад”. Айни замон ӯ таъкид кард, ки эътирозҳо сулҳомез баргузор шуда барои ин сокинони маҳалливу ходимони полисро ташаккур кардааст. Радио Свобода менависад, ки Дегтярев изҳори умедворӣ намуд, ки эътирозҳо базудӣ ба охир мерасанд.

Вакил аз ҳизби ЛДПР Михаил Дегтярев рӯзи 20 июл иҷрокунандаи вазифаи раиси Хабаровск таъин шуд. Раҳбари пешини вилоят Сергей Фургал бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор ва амр додан ба куштор боздошт шуд, вале худи ӯ ин иттиҳомотро рад карда онро бепояву асос хондааст. Баъди боздошти Фургал давоми се ҳафта аст, ки дар маркази шаҳри воқеъ дар Шарқи Дури Хабаровск намоишҳои эътирозӣ бар зидди боздошти Фургал идома дорад. Мардум талаб мекунад, ки мурофиаву таҳқиқи парванда боз ва шаффоф сурат гирад.