Сухангӯи ҳукумати Эрон ба коронавирус гирифтор шуд

Алӣ Рабеӣ дар акс аз рост сеюм аст. Акс аз соли 2019

Алӣ Рабеӣ, сухангӯи ҳукумати Эрон, ки озмоиши тестии коронавируси ӯ мусбат баромад, ба бемористон интиқол ёфт. Матбуоти эронӣ рӯзи 27 июл бо нашри ин хабар гуфт, ки Рабеӣ яке аз охирин мақомдорони ҳукумати марказии Ҷумҳурии Исломӣ аст, ки ба коронавирус олуда шудааст. ТВ-и давлатии Эрон гуфт, ки Рабеӣ аз ҳафтаи гузашта ба ин сӯ дар хона буд. Дар миёни афроди олудашуда ба коронавирус дар Эрон ду муовини президент, вазири туризм, як узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом ва чандин узви маҷлис мебошанд. Дар саросари Ховари Миёна Эрон кишваре бо баландтарин нишондоди олудашудаҳо ба коронавирус мебошад. То 27 июл шумори беморон аз 293 ҳазор нафар гузашта фавтидаҳо наздики 16 ҳазор нафар гуфта мешавад.