Дар Қирғизистон 30 июл рӯзи мотами қурбониёни COVID-19 эълом шуд

Табибон як олудашудаи эҳтимолӣ ба коронавирусро мебардоранд. Ин бино, ки як тарабхона буд, дар шароити пандемия ба клиникаи муолиҷаи коронавирус табдил дода шуд

Сооробой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон фармон "Дар бораи эъломи 30 июли соли 2020 ҳамчун рӯзи мотами миллӣ"-ро имзо кард.

Дар ин бора аз маркази матбуотии ҳукумати он кишвар хабар доданд.

Ба иттилои маркази матбуотӣ, дар рӯзи мотами қурбониёни коронавирус дар Қирғизистон парчами давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар пойин оварда хоҳад шуд. Ба ширкатҳои радиову телевизионӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ машварат дода шудааст, ки дар он рӯз барномаҳо ва чорабиниҳои тафреҳиро қатъ кунанд.

Ба иттилои расмӣ, дар Қирғизистон 1301 кас аз вируси корона вафот кардааст. Шумори умумии гирифторони ин вабо дар Қирғизистон ба 33 ҳазору 296 кас расидааст. Дар Қирғизистон баландтарин мизони талафот бар асари COVID-19 дар Осиёи Марказӣ мушоҳида мешавад.