Русия парвозҳои байналмиллалиро аз 1-уми август оғоз хоҳад кард.
Дар ин бора сарвазири ин кишвар, Михаил Мишустин хабар додааст. Нахустин парвозҳо аз фурудгоҳи Маскав, Петербург, Ростов анҷом хоҳад шуд. Маҳдудият дар гирифтани мусофирон дар ин парвозҳо бекор карда мешавад.
Парвозҳои байналмиллалӣ дар навбати аввал бо Бритониё, Туркия ва Танзания барқарор хоҳад шуд. Аз якуми август ҳамчунин, фурудгоҳҳои Лондон, Акқара, Истанбул ва Занзибара боз мешавад. Гуфтушунид дар мавриди азсаргирии парвозҳо бо 30 кишвари дигар идома дорад.
Мишустин, гуфтааст, оғози парвозҳои байналмиллалӣ, ба бозгашти ҳарчи зудтари шаҳрвандони Русия, ки дар марзҳо банд мондаанд имконият медиҳад.
Масъулини Хадамоти фуруши чиптаҳои ҳавопаймоӣ “Aviasales” гуфтааст, ки пас аз як соати нашри хабар дар бораи боз шудани хатсайрҳои ҳавоӣ, шумори дархостҳо аз Русия ба Танзания 70 дар сад афзоиш ёфтааст.
"Муштариёни мо зуд аз пайи ҷустуҷӯи билет ба Бритониё ва Туркия шуданд. Ҳамчунин бархе мехоҳанд бидонанд, ки Танзания дар куҷо воқеъ аст”,-навиштааст, “Aviasales” дар саҳфаи телеграми худ.
Дар оғози моҳи июн хабар дода шуд, ки парвозҳои байналмилалӣ ба Русия қисман аз 15 июл шурӯъ мешаванд. Қарор буд нахустин парвозҳо бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баъдан давлатҳои дигар барқарор шавад. Дар пай ин расонаҳои Туркия аз тасмими оғози парвоз ба Русияро хабар доданд.
Русия дар пайи пандемияи коронавирус дар охирҳои моҳи март парвозҳои ҳавоиро қатъ кард. Раҳбари Роспотребнадзор Анна Попова таъкид кард, ки баъди барқарор шудани парвозҳо мусофирон бояд бо ниқоб ва дастпуш вориди ҳавопаймо шаванд ва қоидаҳои беҳдориро пурра риоя кунанд.
Чанд рӯз қабл Ҳукумати Русия эълон кард, ки мувофиқи меъёрҳои нав, бо кишварҳое, ки дар 14 шабонарӯзи охир ба ҳисоби миёна камтар аз 40 ҳолати беморӣ COVID-19 бар сари 100 ҳазор аҳолӣ доранд, парвозҳои байналмилалиро боз мекунанд.
Русия ҳамчунон суръати афзоиши сироятёбии шаҳрвандон ба "COVID-19"-ро ба инобат мегирад, ки камтар аз 1 фоиз дар як шабонарӯз бояд бошад. Бино бар омори расмие, ки мақомоти тандурустии Тоҷикистон эълон мекунанд, мизони сироятёбӣ ба COVID-19 дар кишвар аз ин ченак поёнтар аст.
Шароити Тоҷикистон ба ин шарти Русия мувофиқ аст, вале ҳанӯз хабари парвозҳои доимӣ миёни ду кишвар нашр нашудааст.
Парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия аз 20-уми март инҷониб қатъ карда шудааст ва ин ҳолат буҳрони бесобиқаи нақлиётиро ба вуҷуд овард. Садҳо муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дармонданд. Тоҷикистон барои бозгардонии шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ташкил кард, аммо он барои ҳама хоҳишмандон кофӣ нест.