Cӯхтор бар бозори "Деҳқон"-и Душанбе

Сухтор дар бозори "Деҳқон". Шаби 22 июли 2020.

Нимашаби 22 июл дар бозори "Деҳқон", воқеъ дар маҳаллаи маъруф ба "Гимрозем"-и шаҳри Душанбе сӯхтор сар задааст. То кунун сабабҳои ин оташсӯзӣ эълон нашудааст. Мақомот то ба ҳол дар робита ба ин ҳодиса ибрози назар накардаанд.

Дар наворҳое, ки корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки шумораи зиёди одамон дар берун аз даромадгоҳи бозор ҷамъ шудаанд. Дар ин наворҳо ҳамчунин дида мешавад, ки оташ дар дохили бозор аланга мезанад ва дуд ба ҳаво мепечад.

Абдуллоҳ, як тоҷири ин бозор субҳи 22 июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сӯхтор асосан дар қисмати аввали бозор – ҷойи фурӯши маводи хурока сар задааст. Ба гуфтаи ӯ, оташсӯзӣ аз қисмати яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ оғоз шуда, ба қисматҳои дигар, аз ҷумла растаи гуштфурӯшӣ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳудуди 35-40 дукон ба коми оташ рафтааст.

Бозори "Деҳқон" аз калонтарин бозорҳои пойтахти Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки мардум ва тоҷирон аз он ҷо маҳсулоти мавриди ниёзро аз дасти аввал ва бо нархи арзонтар аз дигар бозорҳо мехаранд.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд ба мушоҳида мерасад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоят накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст.

Аз ҷумла, сабаби сӯхтор дар бозори "Султони Кабир"-и шаҳри Душанберо мақомот дар моҳи июни соли 2018, "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ" номида буданд. Дар ин сӯхтор даҳҳо тоҷир зиён диданд.

Аз он пеш, тобистони соли 2017 "Корвон" - бузургтарин бозори Душанбе низ оташ гирифта буд, ки дар натиҷаи он садҳо тоҷир зиёни азим диданду муфлис шуданд. Бозори ноҳияи Фархор ҳам тобистони ҳамон сол оташ гирифт ва садҳо нафар молу амволи зиёдашонро аз даст доданд.

Дар сӯхтори бузургтарин бозори вилояти Хатлон, мавсум ба бозори "Ҳоҷӣ Шариф", ки моҳи октябри соли 2017 рух дод, даҳ дӯкону панҷ анбори бузурги масолеҳи сохтмонӣ ба коми оташ рафта буд. Аммо моҳи августи соли гузашта як қисмати яклухтфурӯшии маводи ғизоӣ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ба коми оташ рафта буд, ки мақомот баръакси сӯхторҳои дигар соҳиби ин анборро дар қасдан оташ задан боздошт намуда буданд.