Президенти ИМА Доналд Трамп нахост натиҷаҳои як пурсишро эътироф кунад, ки бар асоси он номзади демократҳо Ҷо Байден аз ӯ пеш гузаштааст ва онро як “дурӯғ” номид. Трамп дар мусоҳибаи телевизионӣ ба Fox News рӯзи 19 июл гуфт, “ман бояд бубинам. Бинед... ман бояд бинам”.
Як пурсиши ABC News/Washington Post мегӯяд, ки мизони маҳбубияти Байден аз Трамп 15 дарсад болотар аст. Трамп гуфт, ки чандин пурсиши афкори умум, ки то ҳол анҷом шуда, Байденро маъруфтар аз Трамп нишон медиҳад, “тақаллуб” аст. Трамп дар мусоҳибааш гуфт, “аввал ин ки ман дар ҳоли мағлубшавӣ нестам, ин ҳама пурсишҳои дурӯғин аст”. Ӯ афзуд: “Ин пурсишҳо соли 2016 ҳам як дурӯғ буд ва ҳоло ҳам аз он бештар дурӯғин аст. Пурсишҳо соли 2016 аз ин бадтар буданд”.
Дар посух ба мусоҳибаи Трамп, намояндаи тими Байден гуфт, сарнавишти “интихоботро мардуми Амрико ҳал мекунанд. Ҳукумати ИМА тавони аз Кохи Сафед берун кардани вайронкорҳоро дорад”.
Октябри соли 2016 дар марҳилаи ниҳоии рақобатҳои интихоботӣ дар муқобили Ҳиллари Клинтон, Трамп гуфт, агар демократҳо интихоботро бурданд, ӯ натиҷаҳои овоздиҳиро эътироф намекунад. Мизони маҳбубияти Трамп бо сабаби тарзи бархӯрд ба пандемияи коронавирус ва паёмадҳои куштори марди сиёҳпӯст Ҷорҷ Флойд рӯзи 25 май ва эътирозҳо аз вуҷуди нобаробарии нажодӣ дар ҷомеаи ИМА поин рафт.