Шӯрои амнияти СММ роҳи расондани ёрӣ ба Сурияро ёфт

Нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал. Акс аз моҳи сентябри 2019

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид расондани кумакҳоро ба Сурия аз тариқи як гузаргоҳи марзии Туркия тасвиб кард. Ин тасмим бо пешниҳоди Русия сурат гирифт, аммо чанд рӯзи пеш Шӯрои амният натавониста буд, аз он пуштибонӣ кунад. Ройгирӣ рӯзи шанбе баргузор шуд. Идораҳои кумакрасон як рӯз пештар аз он гуфта буданд, ки салоҳиятҳои онҳо барои дастрас кардани ёрӣ ба Сурия ба поён расидааст. Матни қатъномаи кушодани як гузаргоҳи марзӣ аз сӯи Олмону Белгия пешкаш шуд. Акнун ин роҳи марзии миёни Туркияу Сурия барои 12 моҳи дигар боз хоҳад буд.