Вилояти Таласси Қирғизистон барои ду ҳафта баста шуд

Яке аз шоҳроҳҳои вилояти Талас.

Мақомоти вилояти Талласи Қирғизистон вуруди шаҳрвандонеро ба вилоят манъ карданд, ки қайди ҷойи зист надоранд. Марат Муродалиев, раиси вилояти Таласс гуфт, мақомот дар вурудгоҳи вилоят шиносномаҳои воридшавандагонро тафтиш мекунанд.

Муродалиев бастани вилоятро ба тавсияи табибон рабт дод, ки гуфтаанд, барои мубориза бо паҳншавии коронавирус бояд равуои сокинон маҳдуд шавад.

Дар вилояти Таласси Қирғизистон ҳамзамон бозорҳои чорво ва майдонҳои варзиш баста мешаванд. Раиси вилояти Таласс вазъи беҳдоштиро дар ин минтақа муътадил арзёбӣ кард.

Ахиран дар вилояти Бодканди Қирғизистон низ маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар ин вилоят сар аз 10 июл гардиши нақлиёти ҷамъиятӣ ва кирокашҳое манъ шуд, ки байни вилоят бо шаҳрҳои Бишкек, Ӯш ва дигар минтақаҳо равуо доранд.

Рафту омади бе зарурати сокинон ба ноҳияҳои дигари Қирғизистон манъ шудааст. Шаҳрвандоне, ки ба табобат эҳтиёҷ доранд, танҳо дар асоси роҳхати пизишкон метавонанд, минтақаро тарк кунанд. Ба вилояти Бодканд танҳо мошинҳои боркаш иҷозаи убур доранд.

Вазъи беҳдоштии Қирғизистон ба якборагӣ бад шуд. Дар як рӯзи охир дар он кишвар 361 ҳолати мубталоӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Шумори умумии гирифторони вируси корона дар Қирғизистон ба 8847 расид.