Роҳи мошингардро кӣ аз худ кардааст? Баҳси сокинони як кӯча дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар яке аз маҳаллаҳои Душанбе бастани роҳи мошингузар мояи баҳси ҳамсояҳо шудааст. Чанде аз онҳо шикоят мекунанд, ки як хонавода бинои хобгоҳро хусусӣ карда, барои рафтуои дигарон роҳ нагузоштааст. Вале тарафи дигар мегӯяд, аз доираи қонун берун нарафтааст ва барои истифодаи замин ҳақ дорад.