"На хона гирифтем, на пул" Шикояти муштариёни собиқи "Манзили дастрас"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як гурӯҳ аз муштариёни собиқи ширкати "Манзили дастрас" аз шаҳрдории Душанбе хостаанд, ки барои бозпас гирифтани пулҳои додаашон кумак кунад. Шумори ин арфод ҳудуди сад нафар аст. Онҳо аз он нигаронӣ доранд, ки бо гузашти моҳҳо аз зиндонӣ шудани раиси пешини "Манзили дастрас" на пулашонро гирифта метавонанд ва на соҳиби хона шуда метавонанд.