Эрон барои куштори Сулаймонӣ нисбати Трамп дархости ҳабс содир кард 

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон. Акс аз соли 2019

Эрон бар асоси қазияи бо дрон кушта шудани генерал Қосим Сулаймонӣ нисбати президенти ИМА Доналд Трамп ва 35 нафари дигар дархости ҳабс содир кард, вале мақомоти амрикоӣ онро ҳамчун як василаи “таблиғот” рад кард. Додситони Теҳрон Алӣ Алқосимеҳр рӯзи 29 июн Трамп ва мақомоти низомиву сиёсии ИМА-ро дар робита бо куштори моҳи январи Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар “куштор ва амалҳои террористӣ” гунаҳгор кардааст. Ӯ иддао кард, ки аз полиси байналмилалии Интерпол тақозо кард, ки нисбати ин нафарон “ҳушдори сурх” содир бикунанд ва ин нафаронро барои куштори Сулаймонӣ ба ҷавобгарӣ кашанд. Ӯ гуфтааст, ки Эрон ҳатто баъди хатми давраи президентии Трамп ӯро мавриди пайгард қарор медиҳад. Дар посух Браян Ҳук, фиристодаи ИМА дар умури Эрон гуфт, ин як василаи “таблиғотии Эрон аст ва касе онро ҷиддӣ нахоҳад гирифт”. Интерпол гуфт, ки ҳеҷ иқдоми “мудохила ё фаъолияти сиёсӣ, низомӣ, динӣ ваё нажодӣ” анҷом намедиҳад. Интерпол гуфтааст, ки ҳатто дар сурати дарёфти чунин дархост ингуна аризаҳоро баррасӣ намекунад.