Абдураҳим Дӯстматов, машҳур бо номи Мулло Абдураҳими Понғозӣ, яке аз рӯҳониёни шинохта дар ноҳияи Ашт рӯзи 23-юми июн дар шаҳри Ижевски Русия даргузашт. Вай 63 сол дошт.
Мулло Абдураҳими Понғозӣ як ҳафта пеш дар наворе гуфт, ки таби баланд дорад ва дар роҳ ба шифохона аст. Иллати расмии марги ӯ ҳанӯз эълон нашудааст, аммо дар видеои ҳафтаи гузашта бештар аз нафастангӣ азият дошт ва чанд дафъа ишора ҳам кард, ки баъди бештар аз ду моҳи хонанишинӣ мариз шудаву баданаш "месӯзад".
Мулло Абдураҳими Понғозӣ соли 1975 мактаби ба номи Маъданро хатм карда, баъдан таълими диниро дар шаҳри Марғелони Узбекистон гирифтааст. Cе сол дар Намангон зиндонӣ буд.
Худи ӯ дар як суҳбаташ бо нашрияи "Рӯзгор" гуфта буд, ки соли 1989 аз ҳабс озод шуда, ба ноҳияи Ашт бармегардад ва ҳамон сол имомхатиби масҷиди марказии ноҳия таъин мешавад.
Дар оғози солҳои 90-ум ба Афғонистон фирор мекунад. "Дар он ҷо ду сол дар байни муҳоҷирини тоҷики муқими Афғонистон будам. Дар зиндони Ризвон 12 рӯз маҳбасӣ будам. Бисёр латукӯб карданд", - гуфта буд ӯ дар суҳбат бо нашрияи "Рӯзгор".
Вай баъдан ба Покистон ва Арабистони Саудӣ рафта, беш аз ду сол дар Маккаву Мадина зистааст. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997 дубора ба ватан баргашт ва асосан ба сохтмони масҷиду мактаб ва шифохона машғул буд.
"Нури Имон"-ро, ки бузургтарин масҷид дар ноҳияи ба Ашт ба шумор меравад, соли 2008 ба истифода дод. Солҳои ахир барои тармими роҳи вайроншудаи ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт кӯшиш мекард.