Агар имкони овоздиҳии алтернативӣ вуҷуд медошт, тағйироту иловаҳои пешниҳҳодкардаи президент Владимир Путинро танҳо чоряки шаҳрвандони Русия дастгирӣ мекарданд. Чунин аст натиҷаҳои як назарсанҷии маркази “Левада”, ки аз 11 то 17 июн дар Русия барпо шуда натиҷаҳояш имрӯз дар “Новая газета” чоп шуд. Ҷомеашиносон гуфтанд, ки ҷонибдорони тарҳи тағйироти пешниҳодкардаи президент назар ба тарҳи Шӯрои ҷамъиятии конститутсионӣ (ШҶК) ва ҳизби “Яблоко” хеле камтар будааст. “Левада-Центр” гуфтааст, ки “конститутсияи одамони озод”-ро 28 дарсади шаҳрвандони Русия пуштибонӣ мекунанд. 26 дарсади пурсидашудаҳо зидди ҳарду тарҳ назар додаанд.
Аксари ширкатдорони назарсанҷӣ гуфтаанд, ки тамоми тағйироти пешниҳодкардаи ШҶК ва “Яблоко”-ро аксари пурсидашудагон ҷонибдорӣ мекунанд. Танҳо 17 дарсад мухолифат кардаанд. Масалан, 82 дарсади пурсидашудаҳо интихоб шудани аъзои Шӯрои федератсияро истиқбол кардаанд. 54 дарсад гуфтаанд, ки мӯҳлати раёсатҷумҳурӣ аз 6 ба 4 сол коҳиш дода шавад.
Бештар аз ҳама пурсидашудаҳо аз тағйироти иҷтимоии пешниҳодкардаи “Конститутсияи одамони озод” пуштибонӣ кардаанд. Тағйирот дар бораи он ки бемориҳои кӯдакон бояд аз ҳисоби давлат табобат шаванд, 95 дарсади пурсидашудаҳо ҷонибдорӣ кардаанд. 90 дарсад гуфтаанд, ки пасандозҳои нафақа бояд ҳамчун мерос дода шаванд. Инчунин 58 дарсад гуфтаанд, ки тарафдори дар синни 60-солагӣ ба нафақа рафтани мардону занон мебошанд.
Таҳияи тарҳи алтернативии тағйироти конститутсионӣ моҳи январ шурӯъ шуд.
Қарор аст рӯзи 1 июл дар Русия раъйдиҳии тағйироти конститутсионӣ баргузор шавад. Яке аз пурбаҳстарин тағйирот – ба ҳеҷ баробар шудани мӯҳлати президентии гузаштаи Владимир Путин аст ва дар сурати қабули он Путин ҳақ пайдо мекунад, ки ду мӯҳлати нави президентӣ дар сари қудрат бимонад.