Гузориш: шахси гумонбар дар ҳамлаи террористии Бритониё ба М15 маълум буд

Шоми 20 июн баъди ҳамлаи марде дар Рединг полис атрофи боғро назорат мекунад

Полиси Бритониё рӯзи 21 июн гуфт, ки ҳамлаи марде дар як боғи шаҳри ҷанубии Рединги ин кишварро, ки се кушта ва се захмӣ бар ҷой гузошт, як амали террористӣ буд ва маълум карда шуд, ки шахсияти ҳамлагар ба хадамоти иктишофии Бритониё аз қабл шинос будааст. ББС хабар дод, ки марди гумонбари 25-сола дар боздошт аст. Исми ӯ расман иншо намешавад, вале матбуот бо такя ба манбаъҳои амниятӣ гуфт, ки ин шахс Хайрӣ Саъдулло, як шаҳрванди Либия буда аз ҷониби полиси Рединг боздошт шудааст. Манбаъҳо ба ББС гуфтаанд, ки шахсияти ин мард ба хадамоти иктишофии М15 ошно буд. Ба навиштаи ин манбаъ, Саъдуллоҳи либиягӣ бори аввал соли 2019 мавриди таваҷҷӯҳи М15 қарор гирифт. Ба иттилои дарёфтии онҳо, ин мард бо нияти анҷоми амалҳои террористӣ мехост ба хориҷа сафар кунад. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 21 июн гуфт, аз шунидани хабари ҳамла ваҳшатзада шуд ва агар зарурат бошад, ҳукуматаш омода аст ба қонунҳо тағйирот ворид кунад.