Дар яке аз шаҳрҳои Олмон, муҷассамаи Владимир Ленин пешвои инқилоби болшевикии Русияро барафрохтанд, ҳарчанд вакилони ин шаҳр мухолифи ин кор буданд. Муҷассамаи баробар бо қади Ленинро Ҳизби Марксистӣ ва Ленинӣ, як ҳизби чапгарои тундрави шаҳри Гелсенкирхен дар назди қароргоҳи ҳизб насб кард.
Садҳо нафар дар маросими афрохтани муҷассама ширкат карданд ва даҳҳо маъмури пулисро ҳам барои таъмини амният сафарбар карданд. Қарор буд, ҳайкали Ленинро рӯзи 21-уми апрел ҳангоми таҷлили 150-солагиаш бигузоранд, вале ба сабаби пандемия то рӯзи 20-уми июн ба таъхир андохтанд. Вакилони маҷлиси Гелсенкирхен, ки бо шикоят ба додгоҳ хостанд, ба насби ҳайкал иҷоза надиҳад, Ленинро “намояндагӣ аз зӯроварӣ, саркӯб, террор ва азоби беандозаи инсонӣ” номидаанд.
Вале додгоҳ далели вакилон, ки ҳайкал намои як бонки таърихӣ дар шаҳрро халалдор мекунад, қонеъкунанда надонист ва марксистон иҷоза дод, ки муҷассамаро бигзоранд. Дар Тоҷикистон то кунун садҳо муҷассамаи Ленин, бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравии собиқро барканда ва ба осорхонаҳо додаанд.