Сартабиби Алмато: бемористонҳои сироятӣ 95% пур шудаанд

Сартабиби беҳдоштии шаҳри Алмато Жандарбек Бекшин 18 июн хабар дод, ки дар пайи "афзоиши якбораи шумори мубталоёни коронавирус 95 дарсади рахтҳои хоб дар беморхонаҳои бузургтарин шаҳри Қазоқистон банд ҳастанд".

Ин изҳороти сартабиб дар пасманзари шикояти сокинони Алмато садо дод, ки мегӯянд, беморони дорои нишонаҳои коронавирусро дар беморхонаҳои шаҳр бистарӣ намекунанд.

Рӯзи панҷшанбе хабар доданд, ки ду озмоишгоҳи хусусӣ ба далели "корҳои техникӣ" санҷиши вирусро қатъ карданд.

Дар Қазоқистон аз ҳама бештар ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар Алмато сабт шудааст. Шумори онҳо ба 4 ҳазору 655 расидааст. Ҳамчунин 938 мубталои дигаре ошкор шудааст, ки ба иллати надоштани нишонаҳои вирус ба рӯйхати умумӣ шомил намешаванд.

Шумори умумии мубталоён дар Қазоқистон ба 22 ҳазору 708 расида, тибқи иттилои расмӣ, 100 кас аз КОВИД-19 ҷон бохтаанд.