Шумори гирифторони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 5279 кас расид

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта коронавирус ба 58 кас сироят кардааст.

Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел то 18-уми июн ​5279 нафар ба COVID-19 гирифтор шуда, 3762 тан ё беш аз 71 дарсади беморон шифо ёфтаанд. 51 кас фавтидаанд.

Дар феҳрасти алтернативии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 13-уми июн номи беш аз 430 нафарро навиштаанд. Ба феҳраст дар панҷ рӯзи охир ҳеч номе ворид нашудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, мизони гирифторшавии сокинон ба коронавирус дар ду ҳафтаи ахир кам шудааст. Ба хабари вазорат, ҳоло дар бемористонҳо 248 нафар зери назорати пизишкон ҳастанд.

Бархе аз сокинон мегӯянд, шуморе аз беморон ҳанӯз дар хонаҳои худ муолиҷа мегиранд ва набояд холӣ шудани ҳуҷраҳои бемористонҳо ба маънои комилан аз байн рафтани беморӣ шумурда шавад. Пештар намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷикистон низ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.

"Имрӯзҳо дар 85 шифохона зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввали тиббию санитарӣ 7600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб ба мардум хидмат мерасонанд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.

Тоҷикистон баъд аз Қазоқистону Қирғизистон ва Узбекистон кишвари чаҳоруми Осиёи Марказӣ аст, ки рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. То он замон афзоиши беморон ва марги пайиҳами сокинонро ба илтиҳоби шуш рабт медод.​

Хабару гузоришҳои бештарро дар бораи буҳрони коронавирус дар Тоҷикистон дар инҷо хонед