Бештар шудани беморон пас аз сабук кардани чораҳои эҳтиётӣ дар Амрико

Чанд аёлати Амрико дар бораи афзун шудани бемориҳои коронавирус, пас аз сабук кардани чораҳои эҳтиётии вобаста ба он гузориш доданд.

Рӯзи 17-уми июн дар Оклаҳома, Техас, Калифорния, Флорида ва Аризона шумораи зиёди ҳодисаҳои нав ба қайд гирифта шуд, ки нигарониҳоро дар бораи душвор будани мубориза ба паҳншавии коронавирус бештар мекунад.

Аз рӯи нишондоди Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, ҳолатҳои нав шумораи гирифторонро ба 2,1 миллион нафар расондааст ва ин тақрибан чоряки беш аз 8,3 миллион беморон дар ҷаҳон аст.

Дар Чин, Пекин аз кам шудани ҳолатҳои нави тасдиқшудаи коронавирус гузориш додааст, зеро шаҳр барои пешгирии сар задани ҳолатҳои нав чораҳои сахтро идома медиҳад.

Сухангӯи ҳукумати Пекин мегӯяд, пас аз пайдо шудани ҳолатҳои нав дар ҳафтаи гузашта, дар шаҳр ҳамагӣ 158 ҳолати тасдиқшуда ба қайд гирифта шудааст.

Вазири корҳои хориҷии ИМА Майк Помпео, ки Чинро дар корҳои нахустинаш барои пешгирии ин беморӣ сахт танқид кардааст, рӯзи 17-уми июн бо дипломати олии Чин Ян Сечӣ вохӯрд. Пас аз он сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ гуфт, ки Помпео "дар бораи зарур будани софиву рӯиростӣ дар додугирифти маълумот дар мубориза бо бемории давомдори COVID-19 ва пешгирӣ аз рӯ задани он дар оянда" зикр кардааст.

Пекин ин вохӯриро "созанда" номида, гуфтааст, ки тарафҳо барои идомаи ҳамкорӣ ба созиш расиданд.